Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Ҳушанги Соя
Ҳушанги Соя

АЗ ИН ШАБҲОИ НОБОВАР

Ман он субҳам, ки ногоҳон чу оташ дар шаб афтодам, Биё, эй чашми равшанбин, ки хуршеде аҷаб зодам. Зи ҳар чоки гиребонам чароғе тоза метобад, Ки дар пироҳани худ озарахшосо дарафтодам. Чу аз ҳар зарраи ман офтобе нав ба чарх омад, Чӣ бок аз оташи даврон, ки хоҳад дод барбодам? Танам афтода хунин зери ин овори шаб, аммо Даре з-ин дахма сӯи хонаи хуршед бикшодам. Ало, эй субҳи озодӣ, ба ёд овар дар ин шодӣ, К-аз ин шабҳои нобовар манат овоз медодам. Дар он дурию бадҳолӣ, набудам аз рухат холӣ, Ба дил медидамат в-аз ҷон саломат мефиристодам. Сазад, к-аз хуни ман нақше барорад лаъли пирӯзат, Ки ман бар дурҷи дил меҳре ба ҷуз меҳри ту нанҳодам. Ба ҷуз доми сари зулфат ки ороми дили Сояст? Ба банде тан нахоҳад дод ҳаргиз ҷони озодам.