РОҲҲО
Гаҳ рост, гаҳ пурпечутоб
То қулла боло меравӣ.
Аз байни барфу тармаҳо
Бо сад таманно меравӣ.
Дуру дароз ин роҳҳо,
Шебу фароз ин роҳҳо,
Ҳам дилгудоз ин роҳҳо,
Ҳам дилнавоз ин роҳҳо.
Раҳсозҳо дар чор фасл
Бо кӯшишу азми тамом
Рӯи раҳат дар хидматанд,
То роҳи ту ёбад давом.
Дуру дароз ин роҳҳо,
Шебу фароз ин роҳҳо,
Ҳам дилгудоз ин роҳҳо,
Ҳам дилнавоз ин роҳҳо.
Аз ағбае то ағбае
Паймоӣ чандин манзиле.
Сад бор хуни дил шавӣ,
То ёбӣ роҳи як диле.
Дуру дароз ин роҳҳо,
Шебу фароз ин роҳҳо,
Ҳам дилгудоз ин роҳҳо,
Ҳам дилнавоз ин роҳҳо.
Бишкофӣ қалби кӯҳро,
Бикшоӣ раҳ чун роҳи ҷон.
Роҳе, ки роҳи орзуст,
Дорад давоми ҷовидон.
Дуру дароз ин роҳҳо,
Шебу фароз ин роҳҳо,
Ҳам дилгудоз ин роҳҳо,
Ҳам дилнавоз ин роҳҳо.