Кӯси риҳлат бикӯфт дасти аҷал
Кӯси риҳлат бикӯфт дасти аҷал,
Эй ду чашмам, видоъи сар бикунед!
Эй кафи дасту соиду бозу,
Ҳама тавдиъи якдигар бикунед!
Бар мани уфтода душманком,
Охир, эй дӯстон, гузар бикунед.
Рӯзгорам бишуд ба нодонӣ,
Ман накардам, шумо ҳазар бикунед!