Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Гарам расад зи занахдони ту ҳазор осеб,

Гарам расад зи занахдони ту ҳазор осеб, Зиҳӣ, муҳол, ки дандон канам чу син з-он себ. Зақан бипӯш, чу бар ман гузар кунӣ, ки мабод, Зи барқи оҳи ман он себро расад осеб. Ба зеби ҷома чи ҳоҷат туро, ки мегирад Қабои дилбарӣ аз қадди ҷома зеби ту зеб. Инони ноз ба каф, то савора бигзаштӣ, Намонд ақл маро пой дар рикоби шикеб. Накард майл ба Тубо сиришкам аз қади ту, Агарчи меравад об аз фароз сӯи нишеб. На эмананд зи ту тоирони садрнишин, Чунин ки ҳалқаи зулфат ниҳода доми фиреб. Пас аз лиқои ту, Ҷомӣ, ҳаме рамад зи рақиб, Чу кардахӯ ба фаришта хӯрад зи дев ниҳеб.