Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

«Ан васфиака зоқат-ул-иборот,

«Ан васфиака зоқат-ул-иборот, Фӣ зотика таҳат-ал-ишорот». Мавҷуд туӣ алал ҳақиқат, Боқӣ насабанду эътиборот. Натвон зи ҳақиқати ту таъбир, Бе ташбеҳу бе истиорот. Шуд талхии дурии ту бисёр, «Кам аҷръу ҳозиҳил маророт». Вайронанишин шудем, то ёфт, Ишқи ту аморӣ аз иморот. Пайғоми ҷафову ҷавр рондӣ, Хушвақт шудем аз ин башорот, Ранги руху ашки сурхи Ҷомӣ Бар дарди ниҳон бувад иморот.