ПОСУХИ НОМАИ СОМ АЗ МАНУЧЕҲР
Пас он номаи Сом посух набишт,
Шигифтӣ суханҳои фаррух набишт,
Ки, эй номвар паҳлавони далер,
Ба ҳар кор пирӯз бар сони шер.
Набинад чу ту низ гардонсипеҳр
Ба разму ба базму ба рою ба чеҳр.
Ҳамин пури фархунда Золи далер,
К-аз ӯ хира гардад гаҳи разм шер.
Далеру ҳунарманду гурду савор,
К-аз ӯ монад андар ҷаҳон ёдгор,
Расиду бидонистам аз коми ӯй
Ҳамон хоҳишу рою ороми ӯй.
Ҳама орзуҳо супурдам бад-ӯй,
Басе рӯзи фаррух шумурдам бад-ӯй.
Зи шере, ки бошад шикораш паланг,
Чӣ зояд ба ҷуз шери шарза ба ҷанг?
Гусӣ кардамаш бо диле шодмон,
К-аз ӯ дур бодо бади бадгумон.
Бурун рафт бо фаррухӣ Золи Зар,
Зи гурдони лашкар баровард сар.
Наванде барафканд наздики Сом,
Ки баргаштам аз шоҳ дил шодком.
Або хилъати хусравониву тоҷ,
Ҳамон ёраву тавқу ҳам тахти оҷ
Сабук наздат оям кунун бошитоб,
Аё меҳрубон, номбардор боб!»
Чунон шод шуд з-он сухан паҳлавон,
Ки бо пирсар шуд ба наввӣ ҷавон.
Саворе ба Кобул фиристод зуд,
Ба Меҳроб гуфт, он куҷо рафта буд.
Навозидани шаҳрёри ҷаҳон,
Аз он гуна шодӣ, ки рафт аз меҳон.
Ҳам акнун чу Дастон бари ман расад,
Гироем ҳар ду, чунон чун сазад.
Фиристода тозон ба Кобул расид,
В-аз ӯ шоҳи Кобул суханҳо шунид.
Чунон шод шуд шоҳи Кобулситон
Зи пайванди хуршеди Зобулситон,