Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

ПОСУХИ НОМАИ СИЁВУШ АЗ КАЙКОВУС

Чу нома бари шоҳи Эрон расид, Сари тоҷу тахташ ба кайвон расид. Ба Яздон паноҳид, аз ӯ ҷуст бахт, Бад-он то ба бор ояд он навдарахт. Ба шодӣ яке нома посух навишт Чу равшанбаҳору чу хуррамбиҳишт, Ки аз офаринандаи хуру моҳ, Ҷаҳондору бахшандаи тоҷу гоҳ Туро ҷовидон шодмон бод дил, Зи дарду зи ғам гашта озод дил! Ҳамеша ба пирӯзиву фарраҳӣ Кулоҳи бузургиву тоҷи меҳӣ. Сипаҳ бурдиву ҷангро хостӣ, Ки будат сари бахту ҳам ростӣ. Ҳаме аз лабат шир бӯяд ҳанӯз, Ки зад бар камони ту аз ҷанг туз. Ҳамеша ҳунарманд бодо танат, Расида ба ком он дили равшанат! Аз он пас, ки пирӯз гаштӣ ба ҷанг, Ба кор-андарун кард бояд диранг. Набояд пароканда кардан сипоҳ, Бипаймой роҳу биёрой гоҳ, Ки он турк бадпешаву риман аст, Ки ҳам баднажод асту Аҳриман аст. Ҳамон бокулоҳ асту бодастгоҳ, Ҳам ӯ сар барорад ба хуршеду моҳ. Макун ҳеч бар ҷанг ҷустан шитоб, Ба ҷанги ту худ ояд Афросиёб. Гар эдун, ки з-ин рӯи Ҷайҳун кашад, Ҳаме домани хеш дар хун кашад. Ниҳод аз бари нома-бар мӯҳри хеш, Ҳам он гаҳ фиристодаро хонд пеш. Бад-ӯ дод фармуд, то гашт боз, Ҳаме тохт андар нишебу фароз. Фиристода назди Сиёвуш расид, Чу он номаи шоҳи Эрон бидид, Заминро бибӯсиду дил шод кард, Зи банди ғамон пас дил озод кард.