Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

АНДАР ХОБ ДИДАНИ ЗАҲҲОК ФАРИДУНРО

Чу аз рӯзгораш чиҳил сол монд, Нигар, то ба сар бар-ш Яздон чӣ ронд. Дар айвони шоҳӣ шабе дерёз Ба хоб - андарун буд бо Арнавоз. Чунон дид, к-аз шохи шоҳаншаҳон Се ҷангӣ падид омадӣ ногаҳон. Ду меҳтар, яке кеҳтар андар миён Ба болои сарву ба чеҳри каён. Камар бастану рафтани шоҳвор, Ба чанг - андарун гурзаи говсор. Дамон пеши Заҳҳок рафтӣ ба ҷанг, Задӣ бар сараш гурзаи говранг. Якояк ҳамон гурди кеҳтар ба сол Зи сар то ба пояш кашидӣ дувол. Бад-он зеҳ ду дасташ бубастӣ чу санг, Ниҳодӣ ба гардан - бараш полҳанг. Бад-ин хориву зориву гурму дард Пароканда бар торакаш хоку гард. Ҳаме тохтӣ то Дамовандкӯҳ, Кашону давон аз пас - андар гурӯҳ. Бупечид Заҳҳоки бедодгар, Бидарридаш аз бим, гуфтӣ, ҷигар. Яке бонг барзад ба хоб - андарун, Ки ларзон шуд он хонаи садсутун. Биҷастанд хуршедрӯён зи ҷой Аз он ғулғули номвар кадхудой. Чунин гуфт Заҳҳокро Арнавоз, Ки «Шоҳо, чӣ будат, бигӯӣ ба роз? Ба ором хуфта ту дар хони хеш, Чӣ дидӣ, бигӯӣ, чӣ омад-т пеш? Ҷаҳоне саросар ба фармони туст, Даду деву мардум нигаҳбони туст, Замин, ҳафт кишвар ба шоҳӣ турост, Сари моҳ то пушти моҳӣ турост. Чӣ будӣ, к-аз он сон биҷастӣ зи ҷой? Ба мо бозгӯй, эй ҷаҳонкадхудой!» Ба хуршедрӯён сипаҳдор гуфт, Ки «Ин хобро боз бояд нуҳуфт.