Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Розиқи Фонӣ
Розиқи Фонӣ

РӮҲИ ДАРЁ

Тамоми умр дар фарёду ғавғоӣ ту, эй дарё! Чӣ гум кардӣ? Чаро дилтангу танҳоӣ ту, эй дарё?! Гарат аз ишқ дарде ҳаст, шабҳо гиря пинҳон кун, Туро ошиқ напиндорам, ки расвоӣ ту, эй дарё! Даҳан каф карда чун оӣ, чирики хастаро монӣ, Ки мағрурӣ, ки бебокӣ, ки зебоӣ ту, эй дарё! Чу ноҳамвор гардад раҳ пӯётар занӣ манзил, Ба ҳамворӣ чу раҳ пӯӣ, шикебоӣ ту, эй дарё! Ба гӯши ташнагони дашт овои ту ҷон бахшад, Ба рӯҳи захмии ҷангал, тасаллоӣ ту, эй дарё! Агар ошуфтасомонӣ, в-агар шӯри ҷунун дорӣ, Ба ҳар вазъе, ки меоӣ, тамошоӣ ту, эй дарё! Гурезонем аз роҳат, магар дар мо ту пинҳонӣ? Ба худ пайваста дар ҷангӣ, магар моӣ ту, эй дарё?!