Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

ЗИНДАГӢ (1)

Сабзаям, сабзаи навнешзада аз дили хок, Нури хуршеди фалак хостаму сабзидам. Қасдам ин аст расонам сари худ бар афлок, То ба ҳасрат наравад синаи пуруммедам. Лек то он ки расонам сари худ бар хуршед, Зеби кокул шаваму ҳусни дигар омӯзам, Боз хуршед, ки рӯёндаву додам уммед, Гӯядам: зиндагӣ бас, ист, туро месӯзам...