НОЛА
Зи доғи ишқи ту хун шуд дили чу лолаи ман,
Фиғон, ки дар дили ту раҳ наёфт нолаи ман.
Маро чу абри баҳорӣ ба гиря ору биханд,
Ки обрӯи ту, эй гул, бувад зи жолаи ман.
Шароби хуни дилам мехӯрию нӯшат бод,
Дигар ба санг чаро мезанӣ пиёлаи ман?
Чу бишнавӣ ғазали Соя чангу най бишкан,
Ки нест чанги туро заҳра сӯзи нолаи ман.