НАИ ШИКАСТА
Бо ин дили мотамзада овоз чӣ созам?
Бишкастанаям бе лаби дамсоз чӣ созам?
Дар кунҷи қафас мекушадам ҳасрати парвоз,
Бо болу пари сӯхта парвоз чӣ созам?
Гуфтам, ки дил аз меҳри ту баргираму ҳайҳот,
Бо ин ҳама афсунгарию ноз чӣ созам?
Хуноба шуд он дил, ки ниҳонгоҳи ғамат буд,
Аз парда дарафтад агар ин роз чӣ созам?
Гирам, ки ниҳон баркашам ин оҳи ҷигарсӯз,
Бо ашки ту, эй дидаи ғаммоз, чӣ созам?
Тори дили ман чашмаи илҳони худоист,
Аз дасти ту, эй захмаи носоз, чӣ созам?
Сози ғазали Соя ба домони ту хуш буд,
Дур аз ту мани дилшуда овоз чӣ созам?