ОВОЗИ МОҲ
Мегузарад он бути нозофарин,
Дар дили ушшоқ ниёзофарин.
Зери бағал танг фушурда китоб,
Умри маро ҷилва диҳад дар шитоб.
Зулф раҳо карда ба рух нозро,
Соя зада наргиси ғаммозро.
Хирмани мӯ рехта бар шонаҳо,
Карда парешон дили девонаҳо.
Фарбеҳу парварда тан, аммо чунон
К-аш ба таносуб нарасида зиён.
Бар танаш он нарм катони сафед,
Ҷомаи маҳтоб бар андоми бед.
Пираҳанаш танг фушурда ба тан,
Лутфи танаш бурда дил аз пираҳан.
Тофта бар чеҳраи вай офтоб,
Гунаи мис ёфта он сими ноб.
Синаи чун ойина тобони ӯ,
Тофта аз чоки гиребони ӯ.
Нарм бурун омада аз остин,
Бозу ва ё мармару оҷ аст ин.
Гардани симин-ш чун шири пок,
Зери гулӯ ойинаи тобнок.
Лаълаш чун шаҳду шакар дилпазир,
Чашмаш оҳуравишу шергир.
Соқаш афсунгару ошӯбсоз,
Бар сари он домон бар рақсу ноз.
Гунааш аз тоб гул андохта,
Рух чу дили сӯхтагон сохта.
Турфа ғизолест ҳама лутфу ноз,
Аз ғазали Соя бувад бениёз.
Шеъри маро аз рухи ӯ обрӯст,
Шеъри муҷассам қаду болои ӯст.
Духтари доништалаби мактабӣ
В-ин ҳама раъноию ширинлабӣ.
Шаб шудаву шефтае беқарор,
Рафта паи дил ба сари кӯи ёр.
Соясифат дар буни девори ӯ,
Монда дар андешаи дидори ӯ.