Он ки моро ба ҷафо сӯхта ё месӯзад,
Он ки моро ба ҷафо сӯхта ё месӯзад,
Натавон гуфт чаро сӯхта ё месӯзад?
Пеши чашмаш накунӣ ҳосили ҳастӣ хирман,
Ки ба як барқи адо сӯхта ё месӯзад.
То кай, эй оина, заҳматкаши сайқал бошӣ?
Хонаат барқи сафо сӯхта ё месӯзад.
Тапише чанд, ки дар болу пари шуълаи мост,
Завқи парвози расо сӯхта ё месӯзад.
Кас нафаҳмид, ки чун шамъ дар ин маҳфили ваҳм
Оламе сар ба ҳаво сӯхта ё месӯзад.
Нури инсоф гар ин аст, ки шоҳон доранд,
Соя дар боли ҳумо сӯхта ё месӯзад.
Ваҳми асбоб мапаймо, ки димоғи Маҷнун
Дар сувайдо ҳамаро сӯхта ё месӯзад.
Ману оҳе, ки агар сар кашад аз ҷайби адаб,
Аз самак
то ба само сӯхта ё месӯзад.
Мушти обе ки дар ин дайр тавон ёфт, куҷост?
Ҳар чӣ дидем, чу мо сӯхта ё месӯзад.
То кай аз лоф кунад гарм димоғи амалат
Нафасе чанд ки восӯхта ё месӯзад.
Шаш ҷиҳат шӯри сипандест, надонам, Бедил,
Дили овора куҷо сӯхта ё месӯзад?