Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Розиқи Фонӣ
Розиқи Фонӣ

ҚАЛОБАНД

Ранҷида дилам аз ҳама кас, ғайри Худованд, На май кунадам хушдилу не майкада хурсанд. Ғам бар дилам он гуна гарон аст, ки гӯйӣ Афтода сари синаи ман кӯҳи Дамованд. Умрест, ки бишкаста дилам аз ғами ғурбат, Умрест, ки бигсаста маро аз ҳама пайванд. Дар санг маро решаву дар кӯҳ Ватан буд, Сел омаду якбора рагу решаи ман канд. Дар панҷаи тӯфони ҳаводис танам афтод, Оварду маро дар чамани ғайр бияфканд. Ҳарчанд ки мо саркашу бадмасту харобем, Ин ҷо ҳама дониставу хубанду хирадманд. Ҳарчанд ки мо уқда сари уқда фузудем, Он ҷо гираҳи кор ба тадбир кушоянд. Ҳарчанд ки моро ба ҷабин ояти хашм аст, Ин ҷо ба лаби пиру ҷавон бӯсаву лабханд. Лекин ба Худо бо ҳама зебоию хубӣ, Дар гулшани бегона нашуд пои дилам банд. Дар ҷону танам хуни таманнои ту ҷорист, Эй лонаи вайрон, ба хасу хори ту савганд. Ё Раб, ба тафили ҳама мурғони муҳоҷир, Бар даргаҳи лутфи туам имрӯз риҷоманд. Дар боғ намонем, ки он нест маро ҷой, Парвардаи кӯҳсор ба кӯҳ аст тануманд. Хоҳам, ки намонем дар ин боғ гирифтор, Хоҳам, ки насозем дар ин қалъа қалобанд.