Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Дар тариқи рафтан аз худ раҳбаре даркор нест,

Дар тариқи рафтан аз худ раҳбаре даркор нест, Ваҳшати наззораро болу паре даркор нест. Киштии тадбири мо тӯфонии ҳукми қазост, Ҷуз дами таслим ин ҷо лангаре даркор нест. Ҳар сари мӯ баҳри ғафлатпеша болини пар аст, Аз барои хоби махмал бистаре даркор нест. Мебарад, чун гирдбод аз хеш саргардониям, Сархуши дашти ҷунунро соғаре даркор нест. Дар ниёми ҳар нафас теғи дудам хобидааст, Чун саҳар, дар қатъи ҳастӣ ханҷаре даркор нест. Мушти хоки мо саропо фарши таслим асту бас, Саҷдаи моро ҷабинею саре даркор нест. Ҷӯши хун нозукдилонро пӯст бар тан медарад, Аз заифӣ бар раги гул ништаре даркор нест. Хешро аз дидаи худбини худ пӯшидан аст, Эҳтиёти мо барои дигаре даркор нест. Фикри маркаб дар тариқи фақр сози гумраҳист, Нафс дар фармон агар бошад, харе даркор нест. Истиқомат бас бувад арбоби ҳимматро камол, Баҳри теғи кӯҳ, Бедил, ҷавҳаре даркор нест.