ХУРӮШИ ОСМОНӢ
Дил ин сӯзи ниҳонӣ аз кӣ омӯхт?
Лабам оташфишонӣ аз кӣ омӯхт?
Надонам нойи маҳзунам дар ин дашт,
Хурӯши осмонӣ аз кӣ омӯхт?
Гаҳе нур асту гаҳ нор аст ин дил,
Шаҳиди завқи дидор аст ин дил.
Гумонам машраби оина дорад,
Ба куфру барҳаман ёр аст
ин дил.
Фитодам, то ки дар дасти ту, эй дил,
Шудам саршору сармасти ту, эй дил.
Илоҳо, дар барам ҷовид бошӣ,
Ки ҳасти мост дар ҳасти ту, эй дил.