Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Ҳушанги Соя
Ҳушанги Соя

СИЛА

Бо ту як шаб бинишинему шаробе бихӯрем, Оташолуду ҷигарсӯхта обе бихӯрем. Дар канори ту биафтем чу гесӯи ту маст, Даст дар гарданат овехта тобе бихӯрем. Бӯса бо васвасаи васли дилором хуш аст, Бода бо замзамаи чангу рубобе бихӯрем. Сипар аз сояи хуршед қадаҳ кун, з-он пеш, К-аз камондори фалак тири шаҳобе бихӯрем. Пеши чашми ту бимирем, ки маст аст, биё, То ба хушбошии мастон маи нобе бихӯрем. Силаи Соя ҳамин ҷоми шароби лаби туст, Ғазале нағз бихонему шаробе бихӯрем.