Холаи Гавҳар
Зани боҳунар
Холаи Гавҳар,
Каси мӯътабар
Холаи Гавҳар.
Ҷон асту ҷигар
Холаи Гавҳар,
Яктои гузар
Холаи Гавҳар.
Машғули кор аст
Аз субҳ то шом,
Холаи Гавҳар
Надорад ором.
Гӯяд, ки одам
Зиндаст бо кор,
Аз рӯйи бекор
Дунёст безор.
Ё пашм ресад
Дар бурҷи айвон,
Ё рағ за бофад
Дар кунҷи майдон.
Бандад ҳамеле
Аз меваи тар,
Камзӯлу тоқӣ
Ё дӯзад аз зар.
Ё нон пазадӯ,
Ё оши угро…
Як дам набинӣ
Бекор ӯро.
Ҳамсояҳоро
Коре барояд,
Холаи Гавҳар
Бо сар биёяд.
Аз ғ уссаи мо
Маъюсу дилгир,
Аз шодии мо
Намешавад сер.
Каси мӯътабар
Холаи Гавҳар,
