Варзиш Мекунад Аҳрор
Офтоби зарнигор
Саҳар аз дар дарояд,
Гунҷишкаки беқарор
Чириқ -чириқ сарояд,
Тозон ба рӯйи ҳавлӣ
Аҳрор мебарояд.
Яку дую сею чор,
Варзиш мекунад Аҳрор.
Гаҳ мешавад хаму рост
Монанди химчаи тар,
Гоҳе пар-пар мезанад
Ба сурати кабӯтар,
Раҳ меравад бо дасташ,
Гоҳе меистад бо сар.
Яку дую сею чор,
Варзиш мекунад Аҳрор.
Аз қ афас кабки хушхон,
Аз остона Мошон,
Алопар аз лаби бом,
Аз боғ мурғи марҷон,
Бар шину хези Аҳрор
Дӯзанд чашми ҳайрон.
Яку дую сею чор,
Варзиш мекунад Аҳрор.
Ширин хандад ба рӯяш
Офтоби шӯълабор,
Бозӣ кунад бо мӯяш
Насими оби ҷӯбор,
Рухсораҳои Аҳрор
Сурх ба мисли анор.
Яку дую сею чор,
Варзиш мекунад Аҳрор.
