Магар Ман Калон Шудам?
Дирӯз рӯйи роҳам
Ҳар он чӣ буд, дигар буд,
Имрӯз дар нигоҳам
Чаро ҳама дигар шуд?
Чаро саҳар ин қадар
Тозаву тар аст имрӯз?
Саҳаре чун ин саҳар
Надидаам то ҳанӯз!
Дигар садо медиҳад
Ин саҳар оби ҷӯбор,
Овози дили маро
Магар мекунад такрор?
Мехоҳам, ки суруде
Хонам чу оби дарё,
Чун бод пар барорам,
Тай кунам кӯҳу саҳро.
Чаҳ-чаҳ мезанад булбул,
Лаҳни хуш дорад имрӯз,
Бӯйидани шохи гул
Ба ман мефорад имрӯз.
Имрӯз аввалин бор
Дидам, ки лола зебост,
Сунбул чу тори кокул,
Бобуна чашми шаҳлост.
Дидам, ки дар лаби гул
Шабнам ба ранги холест.
Бо ман пур аст атроф,
Бе ман замини холист…
Дирӯз рӯйи роҳам
Ҳар он чӣ буд, дигар буд,
Имрӯз дар нигоҳам
Чаро ҳама дигар шуд?
Бовар намекунам ман
Акнун ба чашми худам…
Чаро ман ин қадар шод?
