Бар тамаъ табъи хасисе, ки тафохур
Бар тамаъ табъи хасисе, ки тафохур
дорад,
Обрӯро арақи саъй тасаввур дорад.
Бо бахилон на ҳамин
табъи гадо нософ аст,
Кисаи худ ҳам аз ин қавм диле пур дорад.
Гули ин боғ агар бехабар аз фурсат нест,
Хандаи ранг ба рӯи кӣ тамасхур
дорад?
Табъи шаҳватнасаб аз сайри гиребон орист,
Гардани хар сари таҳқиқ ба охур дорад.
Хок шав, маънии мавҳумаи
ҳастӣ дарёб,
Фаҳми розат ба адам ҷайби тафаккур дорад.
На зи мастӣ хиҷилам, не зи ҷунун мунфаилам,
Табъи бесохтаи шавқ чӣ унсур дорад?
Аз шикаст аст раги гардани амвоҷ баланд,
Оҷизӣ ҳам чӣ қадар нози такаббур дорад.
Қиллати
моя арақ мекашад аз табъи карим,
Абр ҳар ҷо тунук афтод, тақотур
дорад.
Худгудоз аст шароре ки ба ҷое нарасад,
Нола дар беасарӣ сахт таассур
дорад.
Маҳв гардидани мо он ҳама номавзун нест,
Сактаи мисраи наззора таҳайюр дорад.
Бедил аз ҷаҳл маяндеш, ки дар матлаби ишқ
Ҳама гар тифли сиришкест, табаҳҳур
дорад.