ОМАДАНИ СИЁВУШ БОРИ ДУВУМ БА ШАБИСТОН
Бар ин достон низ шаб даргузашт
Сипеҳр аз бари хоки тира бигашт.
Нишаст аз бари тахт Судоба шод,
Зи ёқути сурх афсаре барниҳод.
Ҳама духтаронро бари хеш хонд,
Биёрост, бар тахти заррин нишонд.
Ба пешаш бутони навоин ба пой,
Ту гуфтӣ биҳишт аст коху сарой.
Чунин гуфт бо Ҳирбад моҳрӯй,
К- Аз эдар бирав, бо Сиёвуш бигӯй,
Ки бояд, ки ранҷа кунӣ пои хеш,
Намоӣ маро сарви болои хеш.
Биёмад дамон Ҳирбад назди шоҳ,
Бад-ӯ дод пайғоми он некхоҳ.
Чу бишнид пайғом, хира бимонд,
Ҷаҳонофаринро фаровон бихонд.
Басе чора ҷусту надид андар он,
Ҳаме буд печону ларзон бар он.
Хиромон биёмад Сиёвуш бараш,
Бидид он нишасту сару афсараш.
Фуруд омад аз тахту шуд пеши ӯй,
Ба гавҳар биёроста рӯю мӯй.
Сиёвуш абар тахти заррин нишаст,
Зи пешаш ба каш карда Судоба даст.
Бутонро ба шоҳи навоин намуд,
Ки буданд чун гавҳари нобисуд.
Бад-ӯ гуфт: «Бингар бад- ин тахтгоҳ
Парастанда чандин ба зарринкулоҳ.
Ҳама норасида бутони Тароз
Ки бисришташон Эзад аз шарму ноз.
Касе к-ат хуш ояд саропои ӯй,
Нигаҳ кун ба дидору болои ӯй.»
Сиёвуш чу чашм андаке баргумошт.
Аз эшон яке чашм з-ӯ барнадошт.
Ҳаме ин бад-он, он бад-ин гуфт моҳ
Наёрад бад-ин шоҳ кардан нигоҳ.
Бирафтанд ҳар як сӯи тахти хеш,
Якояк шуморанда бар бахти хеш.