Ман истодаам, инак, ба хидматат машғул
Ман истодаам, инак, ба хидматат машғул,
Маро аз он чӣ, ки хидмат қабул ё на қабул?
На дасти бо ту даровехтан, на пои гурез,
На эҳтимоли фироқу на ихтиёри вусул.
Каманди ишқ на бас буд зулфи мафтулат,
Ки рӯй низ бикардӣ зи дӯстон мафтул?
Ман онам, ар ту на онӣ, ки будӣ андар аҳд,
Ба дӯстӣ, ки накардам зи дӯстит удул.
Маломатат накунам, гарчи бевафо ёрӣ,
Ҳазор ҷони азизат фидои табъи малул!
Маро гуноҳи худ аст, ар маломати ту барам,
Ки ишқ бори гарон буду ман залуми ҷаҳул.
Гар ончи бар сари ман меравад зи дасти фироқ,
Алаттамом фурӯ хонам, ал-ҳадису ятул.
Зи дасти гиря китобат наметавонам кард,
Ки менависаму дарҳол мешавад мағсул.
Ман аз куҷову насиҳаткунони беҳудагӯй?
Ҳакимро нарасад кадхудоии баҳлул.
Тариқи ишқ ба гуфтан наметавон омӯхт,
Магар касе, ки бувад дар табиаташ маҷбул.
Асири банди ғаматро ба лутфи хеш бихон,
Ки гар ба қаҳр биронӣ, куҷо равад мағлул?
На зӯри бозуи Саъдӣ, ки дасти қуввати шер
Сипар бияфканад аз теғи ғамзаи маслул.