ДУРУСТШИКАСТА
Шикаставораму дорам диле дуруст ҳанӯз,
Вафо нигар, ки дилам пойбасти туст ҳанӯз.
Ба ҳеч ҷоми дигар нест, ҳоҷат, эй соқӣ,
Ки масти мастам аз он ҷуръаи нахуст ҳанӯз.
Чунин нишаста ба хокам мабин, ки дар талабат
Саманди ҳиммати мо чобук асту чуст ҳанӯз.
Ба оби ишқ тавон шуст пок даст аз ҷон,
Чӣ ошиқ аст, ки даст аз ҷаҳон нашуст ҳанӯз.
Зи кори дидаву дил, Соя, бармадор умед,
Гуле агарчи аз ин ашку хун наруст ҳанӯз.