Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Пур малоф аз ҷавҳари борикбинӣ доштан,

Пур малоф аз ҷавҳари борикбинӣ доштан, Сурма мехоҳад забони мӯйи чинӣ доштан. Хуфта чандин мулки Ҷам дар ҳалқаи таслими фақр, Хотаме дорад ҷаҳони бинигинӣ доштан. Ҳиммат аз дарюзаи илму ҳунар ворастан аст, Ноз кун хирман зи нанги хӯшачинӣ доштан. Бе мижа бастан раҳоӣ нест з-ин ошӯбгоҳ, Чун нигаҳ то кай ғами ибраткаминӣ доштан? Он қадар к-аз фикри истиғно бурун оӣ, бас аст, То куҷо хоҳӣ димоғи нозанинӣ доштан? Шуъларо гуфтам: Сарат помоли хокистар кӣ кард? Гуфт: Савдои руунатофаринӣ доштан. То саводи килки тақдир андаке равшан шавад, Сурма гир аз чашм бар хатти ҷабинӣ доштан. Бениёзоне, ки по бар авҷи иззат судаанд, Ҷастаанд аз пастии болонишинӣ доштан. Қайди ҷисм, он гаҳ димоғи бениёзӣ, шарм дор, Осмон болидану гарди заминӣ доштан? Бӯйи ин гулшан ҳам аз ғавғои зоғон нест кам, Пунбаи гӯш андаке бояд ба бинӣ доштан. Гар ба лафзу маънии афкори Бедил ворасӣ, Тарк кун андешаи сеҳрофаринӣ доштан.