Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Он замонеро, ки чашм аз чашми ӯ махмур буд

Он замонеро, ки чашм аз чашми ӯ махмур буд, Чун расидаш чашми бад, к-аз чашмҳо мастур буд?! Шодии шабҳои мо, к-аз мушку анбар парда дошт, Шодии он субҳҳо, к-аз ёр пуркофур буд! Аз фарози аршу курсӣ бонги таҳсин мерасад, То ба пушти гову моҳӣ аз рухаш пурнур буд! Ҳар тараф аз ҳусни ӯ буд Лайлие косидшуда, Зарра-зарра ҳамчу Маҷнун ошиқи машҳур буд! Дил ба пеши рӯйи ӯ чун Боязид андар мазид, Ҷон даровезон зи зулфаш шеваи Мансур буд! Шамъи ишқафрӯзро як бори дигар андар ор, Кӯрии он кас, ки ӯ аз ишрати мо дур буд! Соқие бо ратл омад, мар-маро аз кор бурд, Гози мастӣ ман надонистам, ки рашки ҳур буд! Нақши Шамсуддини Табрезист ҷони ҷони ишқ, К-ин ба дафтарҳои ишқ андар азал мастур буд!