Ин ки дар дайри ғамат дамсард пайдо кардаанд,
Ин ки дар дайри ғамат дамсард пайдо кардаанд,
Дил надорӣ, варна, дил аз дард пайдо кардаанд.
Ҳеҷ кас аз ихтирои ин бисот огоҳ нест,
Ранг мебозему ёрон нард пайдо кардаанд.
Гум шудаст осори ҳимматҳо ба гарди ҷустуҷӯ,
То дар ин саҳро суроғи мард пайдо кардаанд.
Мункири бедаступоиҳои маъзурон мабош,
Оҷизон коре, ки натвон кард, пайдо кардаанд.
Моҷарои хомушон нашнида мебояд шунид,
Безабониро нафаспарвард пайдо кардаанд.
Бурдаанд аз мавҷи гавҳар печутоби иштирок
Мисраи моро зи тазмин фард пайдо кардаанд.
Чун нигоҳи чашми оҳу, умр дар ваҳшат гузашт,
Хонаро ин ҷо биёбонгард пайдо кардаанд.
Ёди мо кун, гар ба сайри наргисистонат сарест,
Ранги беморони чашмат зард пайдо кардаанд.
Медиҳандам дил, ба ҳар оин ки меоянд пеш,
Нозанинон турфа роҳовард пайдо кардаанд.
З-он баҳорам муждаи бӯи хироме мерасад,
Рангҳои рафта, Бедил, гард пайдо кардаанд.