Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Соқиё, май деҳ, ки мурғи субҳи бом

Соқиё, май деҳ, ки мурғи субҳи бом Рух намуд аз байзаи зангорфом. Дар димоғи майпарастон бозкуш Оташи савдо ба оби чашми ҷом. Ё Раб, аз фирдавс кай рафт ин насим? Ё Раб, аз ҷаннат кӣ овард ин паём? Хотири Саъдию бори ишқи ту Рокибе тунд асту маркубе ҷамом. Ҷони мову дил ғуломи рӯи туст, Сотгине, сотгине, эй ғулом!