Вақтҳо як дам баросудӣ танам
Вақтҳо як дам баросудӣ танам,
Қола мавлоӣ литарфӣ ло танам.
Исқиёнӣ ва-д-даъонӣ ифтазаҳ,
Ишқу мастурӣ наёмезад ба ҳам.
Мо ба мискинӣ силоҳ андохтем,
Ло туҷиллу қатла, ман улқассалам.
Ё ғарибалҳусни рифқан билғариб,
Хуни дарвешон марез, эй муҳташам.
Гар накардастӣ ба хунам панҷа тез,
Мо лизока-л-каффа махзубан би дам?
Қад малакта-л-қалба мулкан доиман,
Хоҳӣ, акнун адл кун, хоҳӣ, ситам.
Гар бихонӣ, в-ар биронӣ, бандаем,
Ло уболӣ ин даъолӣ ав шатам.
Ё қазиба-л-бони мо ҳоза-л-вуқуф?
Гар хилофи сарв мехоҳӣ, бичам!
Умрҳо парҳез мекардам зи ишқ,
Мо ҳасибту-л-она, илло қад ҳаҷам.
Хуллаёнӣ наҳву манзурӣ уқиф,
То чу шамъ аз сар бисӯзам то қадам.
Дар азал рафтаст моро дӯстӣ,
Ло тахунунӣ фааҳдӣ мансарам.
Базлу рӯҳӣ фика амру ҳаййинин,
Худ чӣ бошад дар кафи Ҳотам дирам?
Бандаам, то зиндаам, безинҳор,
Лам азал абдан ва авсолӣ рамам.