Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
П
Парии Ҳисорӣ

Намак дорад сухан пеши узори дилбар, эй тӯтӣ!

Намак дорад сухан пеши узори дилбар, эй тӯтӣ! Такаллум кун дар ин оинаи Искандар, эй тӯтӣ! Сухан аз лаъли ширини кадомин шӯх мегӯӣ, Зи гуфторат шакар мерезаду қанди тар, эй тӯтӣ! Сухан санҷида гуфтӣ аз хати гирди узори ӯ, Ки меҷӯшад аз ин афсона яксар шаккар, эй тӯтӣ! Зи лаъли ёр мехоҳам ҳадисе, гӯш кун имшаб, Ки меҷӯшад аз ин афсона яксар шаккар, эй тӯтӣ! Агар заҳри Ҳасан, хуни Ҳусайнат нест дар хотир, Чаро болу парат сабз асту гоҳе аҳмар, эй тӯтӣ! Гулистон тоза гардад аз бисоти сабза густардан, Дар ин гулшан кушо, баҳри Худо, болу пар, эй тӯтӣ! Агар дар хотират сайри диёри Ҳинд меояд, Биё дар кишвари мо гоҳ-гоҳе шаҳпар, эй тӯтӣ! Фиреби мардумон гар нест аз оинаи хотир, Чаро кардӣ либоси сабзи зоҳид дар бар, эй тӯтӣ?! Сухан кардӣ зи ҳусни ҳиндувони сабзи гандумгун, Намак дар дидаву захми Парӣ шуд яксар, эй тӯтӣ!