Ду чашми ёр ки шӯханд дӯстон ҳар ду,
Ду чашми ёр ки шӯханд дӯстон ҳар ду,
Рабудаанд дилу ҷон зи мардумон ҳар ду.
Чунон ки ғамзаи дидору ханҷари тирам,
Ба қасди куштани ҷон гашта якзабон ҳар ду.
Зи кокули сари зулфи анбарафшонаш
Чи фитнаҳо, ки надидем мо аз он ҳар ду.
Ду турки чашми ту зад айни мардуме, бингар,
Ки кардаанд ба хуршед дар гарон ҳар ду.
Ба қасди куштани Паррӣ ду чашми ҷодуят
Гирифтаанд ба бозуи худ камон ҳар ду.