Ту ин аҳде, ки бо ман баста будӣ,
Ту ин аҳде, ки бо ман баста будӣ,
Магар баҳри шикастан баста будӣ?
Басе дер омадӣ, гӯё ба ҳар гом
Ҳино дар пои тавсан баста будӣ.
Ба хотир ҳеҷ дорӣ, к-аз сари меҳр,
Маро чун ҷома бар тан баста будӣ.
Кӣ будат шамъи маҷлис дӯш к-аз рашк,
Зи рӯяш чашми равзан баста будӣ?
Чӣ сӯҳбат доштӣ ту бо Парият,
Ки бар дар қуфли оҳан баста будӣ?