Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
П
Парии Ҳисорӣ

Биё гуфтию рафтам сӯят аз тақсири нодонӣ,

Биё гуфтию рафтам сӯят аз тақсири нодонӣ, Кунун даст аз гиребон барнамедорад пушаймонӣ. Намебинам касеро меҳрубону дастгир ин ҷо, Ғариби бекасам, умр аст дар тӯфони ҳайронӣ. Наёмад ҳамчу ашке аз касе ташрифи имдоде, Зи чашми мардуме афтодаам аз шарми урёнӣ. Набошам хонамеҳмони касе, дил мекашад, бошам, Ки меҳмони Азизи Мисри давлат Юсуфи сонӣ. Вуҷудат боиси ҷамъияти аҳли камол омад, Нигаҳ дорад Худованди ҷаҳонаш аз парешонӣ. Бувад рӯзе, ки гарди интизорӣ хезад аз роҳам, Зи хоки остонаш дуд бардорад Сулаймоне. Муаммоест мақсуди Парӣ, к-он дар дили пок аст, Касе накшуду накшояд ба ҷуз меҳри шабистоне.