Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
П
Парии Ҳисорӣ

Эй ба теғи қазо ҳалок шуда,

Эй ба теғи қазо ҳалок шуда, Ҷомаи давлати ту чок шуда. Ба зарурат гузаштаи мискин, Сокини ҷои саҳмнок шуда. Зада дар дидаи ҷаҳоне, хок, В-он гаҳе зуд зери хок шуда. Аз самак дар ғами мусибати ту, Номаи халқ бар самок шуда. Пок буда зи айбҷӯӣ, Парӣ, Ба биҳишти Худои пок шуда.