Мерасад бӯи висолам зи гулистони касе,
Мерасад бӯи висолам зи гулистони касе,
Медиҳад ҷайби дилам ғунчаи хандони касе.
Зоҳид, аз банд сӯи сабҳа чӣ мехонӣ маро?
Бастаам риштаи зуннор ба паймони касе.
Тоза шуд захми куҳан, то ба сухан омадаӣ,
Ин намак нест ҷуз ин ҷо ба намакдони касе.
Гирди марҷони ман аз ханда ба дашном нагард,
Он чи ҷони лаби лаъли туву марҷони касе.
Дар чаман нест бисоте, ки беҳ аз сарв бувад,
Тоза шуд боғи дилам аз хати райҳони касе.
Баста дар даври лабат сабз хате гашт тамом,
Инчунин тоза ғазал нест ба девони касе.
Нисбати хору гул ойинаи ин тимсол аст,
Дасти уммеди ману гӯшаи домони касе.
То ба фикри сари зулфи ту набандад дили хеш,
Ҳеҷ комил нашавад гавҳари имони касе.
Ҳамчу хуршед чаро даст тапидан дар хун (?)
Дил агар нест, Парӣ, бисмили мижгони касе.