Чашму лабат дар куфру дин оварда тарҳи дилбарӣ,
Чашму лабат дар куфру дин оварда тарҳи дилбарӣ,
Он як ба эъҷози Масеҳ, в-он як ба сеҳру соҳирӣ.
Эй турки тирафган, агар тирам занӣ ҳамвортар,
Тарсам, кунад аз ман гузар, орад гузар бар дигаре.
Худро агар санҷидаанд, охир хиҷолат дидаанд
Бо рӯи ту шамсу қамар, бо мӯи ту ҳуру парӣ.
Донам агар, эй симбар, орӣ ба хоки ман гузар,
Зуд аз сари ҷон бигзарам, то бар сари ман нагзарӣ.
Шуд ёр ҳар ҷо ҷилвагар, омад рақиби бадгуҳар,
Тӯфон дуо кун, то дигар бо дев н-ояд он Парӣ.