Гиряам мавҷи шароб аст, ту ҳам медонӣ,
Гиряам мавҷи шароб аст, ту ҳам медонӣ,
Ҷигарам лахти кабоб аст, ту ҳам медонӣ.
Хусрави ҳусни ту, эй моҳи ман аз холаи хат
Ҷилваҳо по ба рикоб аст, ту ҳам медонӣ.
Мардуми дидаи ман бе ту ба тӯфони балост,
Гиряам оби азоб аст, ту ҳам медонӣ.
Ашки ғалтони ман аз ҳусни арақноки кӣ буд?
Даҳанам дурри хушоб аст, ту ҳам медонӣ.
Сари шаб н-омадаву вақти саҳар о, ки саҳар
Саги ағёр ба хоб аст, ту ҳам медонӣ.
Зада сад новаки бедоду яке мегӯӣ,
Дар дили дӯст ҳисоб аст, ту ҳам медонӣ.
Домани зулф ба рӯ мекашӣ аз хоҳиши ноз,
Бо вуҷуде, ки ҳиҷоб аст, ту ҳам медонӣ.
Гар чунин дар дилам аз ишқи ту бедод равад,
Шишаи пурмаи ноб аст, ту ҳам медонӣ.