Воизон з-он дар нафас фасли зимистон доран-е,
Воизон з-он дар нафас фасли зимистон доран-е,
Манъи мастон аз маи гарм аз дилу ҷон доран-е.
Хубрӯёнро агар ҷамъияти дил муддаост,
Зулфи мушкин аз чӣ рӯ бар рӯ парешон доран-е.
Гулрухон бепарда меоянд бо сад ҷилва пеш,
Дидаҳоро то ба рӯи хеш ҳайрон доран-е.
Дар куҳансолӣ дар оғӯшам даро, эй сарви ноз,
Ҷони ширин аз ҷавонон дӯст пирон доран-е.
Ин қадар овораи дайру ҳарам гардида халқ,
Ҷӯстуҷӯят номусулмону мусулмон доран-е.
Лоларӯёнро тамошо кун ба ҳангоми ҳаё,
Аз арақ бар шоми хат гӯши чароғон доран-е.
Ин қадар бар кӯҳи Мино ҷони ширин меканад,
Майпарастон аз Парӣ лаъли Бадахшон доран-е.