Чашме, ки нест боз ба рӯи ту, баста беҳ,
Чашме, ки нест боз ба рӯи ту, баста беҳ,
Дасте, ки домани ту нагирад, шикаста беҳ.
Дар ҳар диле, ки нест хаёли қадат дар ӯ,
Пайваста аз хаданги ҷафоҳот хаста беҳ.
Ҷонро, ки риштааст ба шерозаи вуҷуд,
Пайванд агар ба ғайри ту бошад, гусаста беҳ.
Ҳарфе, ки дарди ишқ надорад, ниҳуфта хуш,
Оҳе, ки беасар бувад, аз дил нараста беҳ.
Бархостӣ, қиёмати кубро баланд шуд,
Биншин зи по, ки фитнаи маҳшар нишаста беҳ.
Имшаб суроғи нашъа, Парӣ, медиҳад ба базм,
Зоҳид, биё, ки шишаи тақво шикаста беҳ.