Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
П
Парии Ҳисорӣ

Боз шӯхиҳои чашмат ёфт тасвир оина,

Боз шӯхиҳои чашмат ёфт тасвир оина, Доми даҳшат гашт ҷавлонгоҳи нахчир оина. Бехудон аз ҷилваи дилдор ғофил нестанд, Хоби ҳайрат дошт дар бедор таъбир оина. Метавонад бурд то сарманзили ҳусни ту роҳ, Гардад аз Хизри хатат гар роҳи шабгир оина. Хирқаи адли туро равшандилон оинаанд, Об аз ҷавҳар кунад дар ҷӯи занҷир оина. Аз камоли нестӣ тимсоли ман сурат набаст, В-арна дар арзи сафо кам дошт тақсир оина. Бо вуҷуде хона аз занги сафо маъмур дошт, Бе ҳузури ҷилваи шӯхи ту дилгир оина. Маҳви ҳайрат бош, дарси ҷилва мехонӣ, Парӣ, Аз забони безабонӣ дошт тақрир оина.