Софшасте, ки ба сайди дили мо рӯ карда,
Софшасте, ки ба сайди дили мо рӯ карда,
Аз мижа тиру камон, аз хами абрӯ карда.
Аз рами ҳар мижа он чашми сиёҳи танноз
Захмҳо дар ҷигару дидаи оҳу карда.
Сайри маҳтоби шабу қадри назарбозу вафо,
Аз баногӯши ту бо ҳалқаи гесӯ карда.
Шонаро з-он сари зулфи ту дароз аст забон,
Арзи аҳволи дили чок ба ҳар мӯ карда.
Ҳусн аз парда бурун ҷилва бар он хаста кунад,
Ки сари ишқ бар оинаи зону карда.
Марав аз дидаи гирёни ман, эй нозхиром,
Боғбон қадди туро сарви лаби ҷӯ карда.
Ғамзаи булбуливу сеҳри ду олам соҳир,
Як нигоҳест, ки он наргиси ҷоду карда.
Мушк то субҳи қиёмат дамад аз ҷайби Парӣ,
Баски дар хоб шабе зулфи туро бӯ карда.