Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
П
Парии Ҳисорӣ

Дилороме, ки аз лаъли лабаш хат сар бароварда,

Дилороме, ки аз лаъли лабаш хат сар бароварда, Ба ошӯби қиёмат фитнае дигар бароварда. Вуболе нест, бозам ой, эй сарви равон, дар бар, Ту будӣ ҷони ман, хаҷр аз тани лоғар бароварда. Саводи хатти мушкинаш ду чашми гиря мехоҳад, Ки ин оина аз симоб болу пар бароварда. Маи ҷоми нигоҳаш бехудиҳои дигар дорад, Маро аз ман адои чашми он дилбар бароварда. Ҳаловат ёфт коми дил, зи лаълаш барнамеояд, Ки натвонад магас худро зи шаккар пар бароварда. Маҳи рӯи ту то аз ҳолаи хат шуд масалфармо, Зи ҷайби дида борони сиришкам сар бароварда. Дамодам аз хиромат фитнае болост болотар, Зи рафтори ту олам шӯри сад маҳшар бароварда. Чу гул аксар саропоят баҳори ханда меорад, Чаман тарҳи туро аз олами дигар бароварда. Асар дорӣ, мабош аз оҳи пирони ҳазин ғофил, Ҳазор ин шӯъла сар аз ҷайби хокистар бароварда. Нигоҳи бетаамул кай ба ҳусни ин ғазал афтад, Сари ҳар байташ аз номи буте афсар бароварда. Тапишҳои шаҳидаш дар назар мастона меояд, Магар шамшераш аз хуни Парӣ ҷавҳар бароварда.