Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Биё, эй зи сар то қадам ҷони пок,

Биё, эй зи сар то қадам ҷони пок, Зи ҳар тан хитоби ту рӯҳе фидок. Зи дасти туам ҳарчи ояд хуш аст, Чӣ оби ҳаёту чӣ заҳри ҳалок. Ба хоки дарат саҷда мехостам, Вале бурдам ин орзуро ба хок. Маро то хаёли ту шуд мурғи дом, Қафасвор дорам диле чок-чок. Ба базми хароботиёни ғамат, Агар нест қандили равшан чӣ бок? Ҳамин бас ки пири муғон барфурӯхт, Ба ҷоми май ин тирадайри мағок. Ба роҳи ту Ҷомӣ ниҳодаст сар, Диле дардманду рухе дарднок.