Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Садриддин Айнӣ
Садриддин Айнӣ

МУСАДДАС ДАР ТАЗМИН

Э ҷафоҷӯ, чӣ аламҳо, ки надидем аз ту, Ғайри дашному ҳақорат нашунидем аз ту. Ба таманнои дили худ нарасидем аз ту, Оқибат ром нагаштию рамидем аз ту, «Мо ба куллӣ тамаи васл буридем аз ту, Дасти уммед ба якбора кашидем аз ту». Дар раҳи ишқи ту як умр давидем ба сар, Шуда расвои сари кӯчаву бозору гузар, Нанамудӣ зи вафо ҷониби мо ҳеҷ назар, Тобу тоқат ба ҷафои ту намондаст дигар, «Мо ба куллӣ тамаи васл буридем аз ту, Дасти уммед ба якбора кашидем аз ту». Ба сари кӯйи ту кардем басе ҷӯшу хуруш, Бори таъни касу нокас бикашидем ба дӯш, Ошноӣ набаромад зи ту, пас палтару қӯш Баргирифтем, то бо ғайр нишину май нӯш, «Мо ба куллӣ тамаи васл буридем аз ту, Дасти уммед ба якбора кашидем аз ту». Дили бечора ба ҳиҷрони ту озор кашид, Ҷони меҳнатзада озори ту бисёр кашид, Дилу ҷон бар раҳи ту меҳнати бекор кашид, Бодаи васл ба ҷоми тараб ағёр кашид, «Мо ба куллӣ тамаи васл буридем аз ту, Дасти уммед ба якбора кашидем аз ту». Чанд кардем дил аз меҳнату ғамҳои ту хун, Чанд гаштем ба дунболи ту ночору забун, Дил хунук гашту бишуд фикри ту аз дил берун, Дилкашолӣ ба ту моро набувад ҳеҷ кунун, «Мо ба куллӣ тамаи васл буридем аз ту, Дасти уммед ба якбора кашидем аз ту». Ту мапиндор ки ин бор чу ҳар бори дигар, Боз оему гузорем ҳама кори дигар, Чун бирафтем, наҷӯйем туро бори дигар, Баъд аз ин мову дилу пешаву атвори дигар, «Мо ба куллӣ тамаи васл буридем аз ту, Дасти уммед ба якбора кашидем аз ту». Ману Айнӣ, ки зи ишқи ту қаландар гаштем, Доғи ту бар дилу савдои ту бар сар гаштем,