МУХАММАС БАР ҒАЗАЛИ А. ЛОҲУТӢ
Аз он рӯзе, ки бурдастӣ зи мо дил,
Надид аз илтифотат як адо дил,
Ба сад ғам гарчи гардид ошно дил,
«Нашуд як лаҳза аз ёдат ҷудо дил,
Зиҳӣ дил, офарин дил, марҳабо дил».
Дилам рафту зи пай сабру қарорам,
Кунун дар фикри дил ҷон месипорам,
Мапурседам ба дил чун аст корам,
«Зи дасташ як дам осоиш надорам,
Намедонам чӣ бояд кард бо дил».
Чӣ гӯям, дил ба ман охир чиҳо кард?
Маро дар орзӯи худ фидо кард,
Зи савдоят маро дил дар бало кард,
«Ба чашмонат маро дил мубтало кард,
Фалокат дил, мусибат дил, бало дил».
На ёрое, ки фарёде барорад,
На бахти он ки хун аз дида борад,
Ба ҳиҷронат кунун чун тоб орад?
«Даруни сина оҳе ҳам надорад,
Ситамкаш дил, парешон дил, гадо дил»,
Дар он вақте ки лофи ишқ мезад,
Муқаррар кард хуни хеш резад,
Чӣ ҷойи он ки аз домат гурезад,
«Бишуд хоку зи кӯят барнахезад,
Зиҳӣ собитқадам дил, бовафо дил».
Ба роҳи ишқ асар аз ман мапурсед,
Чу дил гум шуд, хабар аз ман мапурсед,
Чӣ ҷойи дил, зи сар аз ман мапурсед,
«Зи ақлу дил дигар аз ман мапурсед,
Чу ишқ омад куҷо ақлу куҷо дил?»
Намегӯям ҳақ аз дил, ботил аз ту,
Вале дилрост ҳоле мушкил аз ту,
Ту хун гаштӣ зи дил, дил – бисмил аз ту,
«Ту, Лоҳутӣ, зи дил нолӣ, дил аз ту,
Ҳаё кун, ё ту сокит бош, ё дил».