Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Садриддин Айнӣ
Садриддин Айнӣ

ҲАЗРАТИ МАВЛОНОИ ҶОМӢ

Рафтӣ, эй гулбуни навраста, зи бустони падар, Булбул омад ба фиғон аз дили нолони надар, Зи фироқи ту зад оташ ба муҳиббони падар, Дили бирёни падар, синаи сӯзони падар, «Рехтӣ хуни дил аз дидаи гирёни падар, Раҳм бар ҷони падар н-омадат, эй ҷони падар». Баста будам ба ту дилро, ки ту худ дилбандӣ, Чӣ шуд охир, ки ба якбора дил аз ман кандӣ? Меҳри фарзандиву ойини ҷигарпайвандӣ Ин буд оё, ки падарро ба бало афкандӣ? «Сад раҳ аз дасти қазо сина ба нохун кандӣ, Гар наяфтодӣ аз он рахна дар имони падар». Дар баҳорон, ки шавад шод зи гул то хошок, Дидаи мо шуда чун абри баҳорӣ намнок, Сина гардида зи ғам чун гули сурӣ сад чок, Зи чӣ рафтӣ ба таҳи хок ту, эй гулбуни пок?! «Навбаҳор омаду гулҳо ҳама растанд зи хок, Ту ҳам аз хок баро, эй гули хандони падар!» Гар наёӣ сӯйи мо, боди саборо бифирист, Хабаре таслияти хотири моро бифирист, Дард з-андоза фузун гашт, даворо бифирист, Тира шуд чашм зи ғам нури зиёро бифирист, «Шуд маро дида чу Яъқуб, Худоро, бифирист Бӯйи пироҳанат, эй Юсуфи канъони падар». Ду-се соле рухи гулранг намоён кардӣ, Хонаам аз гули рухсор гулистон кардӣ, Падару хешу бародар – ҳама шодон кардӣ, Зуд ҷамъияти ин силсила вайрон кардӣ, «Хоб дидам, ки дили ҷамъ парешон кардӣ, Оқибат рост шуд ин хоби парешони падар». Вақти он буд, ки тавсифи ҳаётат гӯям, Ҳарфи ширинею тарзи ҳаракотат гӯям, Кай гумон доштам абёти мамотат гӯям, Сухан аз талхии ҳоли сакаротат гӯям, «Ҷигарам сӯхта» таърихи вафотат гӯям, Дили модар шуда оташзада бар сони падар.