Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Садриддин Айнӣ
Садриддин Айнӣ

Шаккардаҳане карда ба як ханда асирам,

Шаккардаҳане карда ба як ханда асирам, Хомӯшлабе бурда ба афлок нафирам. Завқест ба коми дилам аз фикри даҳонаш, Он гуна, ки фориғ шуда аз шаккару ширам. Рафт аз ғами ӯ сабру қарор аз тани зорам, Омад ба лаб аз фурқати ӯ ҷони ҳақирам. Якбора фаромӯш кунам ҳастии худро, Як бор агар ҷоми май аз дасти ту гирам. Ҷуз ёди ту фикре нагузашта ба хаёлам, Ҷуз меҳри ту чизе нанишаста ба замирам. Дарси ғамат омӯхта буданд ба ҷонам, Меҳри лабат омӯхта буданд ба ширам. Вадод – дӯстӣ, муҳаббат. Абруйи камони ту, ки пайваста кашидаст, Пайваста ба бедод занад аз мижа тирам. Ҷоно, ба ҳақи ҷони ҷавонат, ки ба ҳолам Лутфе бинамо, то накунад дарди ту пирам. Сад ҷони гиромӣ кунам эсори чунон рӯз, К-аз меҳнату андуҳи ғами ишқи ту мирам. Афсурда шавам, хок шавам дар раҳат, оям, То домани васли ту ба ин тарз бигирам. Гар ҷон талабад, дар қадамаш пок супорам, Айнӣ, чӣ тавон кард, к-аз ӯ нест гузирам?