Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Садриддин Айнӣ
Садриддин Айнӣ

Оҳ, к-аз ҷаври замону рӯзгори бемадор,

Оҳ, к-аз ҷаври замону рӯзгори бемадор, Турфа рӯзи сахт, ҳоли саъб моро рӯй дод! Фозиле Сиддиқ, яъне комиле Ҳайратлақаб Пушти по зад даҳри фониро, ба уқбо рӯ ниҳод. 3-ин алам моро гиребони сабурӣ чок шуд, Рафт аз ин ғусса аҷзои шикебоӣ ба бод. Муддати умраш агарчи буд бисту ҳафт сол, Фазлу максубаш намегунҷид дар зилли идод. Ҳамчу ӯ зеҳни мусаввар дидаи олам надид, Ҳамчу ақли ӯ муҷассам модари гетӣ назод. Талаттуф – меҳрубонӣ. Зилли идод – яъне, дар шумора намеғунҷад. Дар фасоҳат буд ҳамчун дар фатонат беадил, Дар садоқат буд беҳамто чу дар меҳру вадод.1 Интизоме дошт аз фикри расояш мулки лафз, Шаҳри мазмунро зи саъяш буд ободӣ зиёд. Баъд аз ин хоҳад шудан маъмураи маънӣ хароб, Баъд аз ин хоҳад ба иқлими сухан афтад фасод. Аз рабеи дувумин як ними аввал рафта буд, Дар шаби душанбе ин ғам бар сари мо уфтод. Соли фавташ ҷустам аз пири хирад, бо оҳ гуфт: Дарду доғу ғам ба асҳоби садиқаш рӯй дод.