Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Садриддин Айнӣ
Садриддин Айнӣ

Ҷоно, ҳаваси суҳбати ағёр чӣ лозим?

Ҷоно, ҳаваси суҳбати ағёр чӣ лозим? Улфат ба рақибони сияҳкор чӣ лозим? Рафтан ба дари хонаи ҳар сифла чӣ ҳоҷат? Аз кулбаи вайронаи мо ор чӣ лозим? Дашном хитоби мани ноком намудӣ, Бо дилшудае ин қадар озор чӣ лозим? Дар пешгаҳи базми бадон рафта нишастан Бо ин ҳама хубӣ ба ту, эй ёр, чӣ лозим? Ғамгин манам аз меҳнати ҳиҷрону рақибон Шод аз шарафи давлати дидор, чӣ лозим? Дӣ кори маро паст намудӣ бари аҳбоб, Дар кори рақиб ин ҳама бардор чӣ лозим? Ман ошиқи дерини ту, ин ҷумла талаттуф,1 Бо булҳаваси нав шуда хушдор чӣ лозим? Дидан сӯйи мо – мунтазирон аз ҳама камтар, Бо ғайр нигоҳ ин ҳама бисёр чӣ лозим? Бо камбағалон ин ҳама озор намудан Аз баҳри дили як ду-се пулдор чӣ лозим? Улфат шудам аз баҳри ту бо мардуми авбош, Бар рағми ман ин лутф ба аброр чӣ лозим? Гуфтӣ: «Ту кию ишқи ман?» Ин кор чӣ даркор? Аз ошиқи меҳнатзада инкор чӣ лозим? Айнӣ, нашавад роми ту он дилбари худком, Ғам хурдани беҳудаву бекор чӣ лозим?